ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шоҳмотбозон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе барои ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон зӯрозмоӣ мекунанд.
Ба иттилои Фаедератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии шоҳмотбозон дар шаҳри Душанбе то 3 июн идома хоҳад дошт.
Таъкид шудааст, ки ин сабқат дар доираи баргузории бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи шоҳмот сурат мегирад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мусобиқа дар алоҳидагӣ ҳам байни мардон ва ҳам бонувон баргузор мешавад.
Дар ҷамъбасти ин мусобиқаи беҳтарин шоҳмотбозони Осиёи Марказӣ, масъалаи ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон, яке барои мардону дигаре барои бонувон пешбинӣ шудааст, ҳал мегардад.
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон афзуд, ки ҳамаи намояндагони 5 кишвари ҷаҳон дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 шоҳмотбоз, аз ҷумла 2 зану 8 мард намояндагӣ мекунанд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сабқати беҳтарин шоҳмотбозон дар Душанбе 9 варзишгар, аз ҷумла 7 марду 2 занро фиристодааст.
Туркманистонро 8 нафар, аз ҷумла 5 марду 3 зан, Қирғизистонро 2 шоҳмотбоз 1 мард ва 1 зан ва Қазоқистонро 14 шоҳмотбоз, аз ҷумла 7 марду 7 зан намояндагӣ мекунанд.