Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд

Комиссияи марказии интихоботи Туркия аввалин натиҷаҳои даври дуюми интихоботи президентӣ дар кишварро эълон намуд, ки президентӣ феълӣ баранда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, роҳбари феълии Туркия дар даври дуюми интихоботи президентӣ беш аз 52%-и овозҳоро соҳиб шуд, иттилоъ дод Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар.
Ин аввалин натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ дар Туркия мебошанд.
Қаблан Комиссияи марказии интихоботи Туркия эълон кард, ки даври дуюми интихобот ором бидуни мушкилие баргузор гардид.
Ба иттилои мақомоти Туркия, дар саросари кишвар зиёда аз 191 ҳазор қуттиҳои овоздиҳӣ гузошта шуда буданд. Шумораи интихобкунандагон зиёда аз 60 млн нафар арзёбӣ гардида буд.
Дар даври дуюми интихобот президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо номзади аҳзоби муҳолиф, Камол Қиличдароғлу сабқат дошт.
Ҳардуи ин номзад дар интихоботи даври дуюм раъйи худро дода, аз интихобкунандагон хостанд, фаъолтар бошанд.
Назарсанҷӣ: Қиличдароғлу дар интихоботи президентии Туркия имкони пирӯзӣ дорад
Назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ дар мавриди натиҷаи овоздиҳӣ якмаром набуда, бархе пирӯзии Эрдуғону бархе пешсафии рақибашро пешгӯӣ карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд.
Рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд. Собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган изҳор дошт, ки дар даври дуюм аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.