ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Қонузода Шодигул, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, фармоиши таъйиноти Қонунзода Шодигул Худобахшро имзо кардааст.
Қонунзода дар мақоми мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Юсуфбек Ганҷинаро иваз кард, ки ба далели гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор гардид.
Раиси шаҳр Ризо Назарзода дар бинои шӯъбаи маорифи вилояту шаҳр дар ҳайати аҳли маорифи Қонунзода Шодигулро муаррифӣ намуда, барои таҳкими фаъолияти минбаъдаи соҳаи маориф ба ӯ барору комёбӣ таманно намудаст.
Дар баробари Дилбар Алиназарова ба вазифаи директори муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Хоруғ таъин карда шуд.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи маорифи шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти насли наврас бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар низ тағйироти кадрӣ амалӣ гардида, вазири маориф, Раҳим Саидзода бо масъулини бахши маориф масоили мубрами соҳаро баррасӣ намуд.
Вазир аз ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, пешгирии азхудкунии заминҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба ҷамъоварии маблағҳо ва чандеи дигар таъкид намудаст.