ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Мунтахаби дзюдои Русияро шояд 28 нафар дар мусобиқаи айналмилалии Гран Прии Душанбе намояндагӣ кунад.
Ҳоло варзишгарон аз санҷиш, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба директори иҷроияи Федератсияи дзюдои Русия Валентин Хабиров.
"Бо тавсияи Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ (КБО) варзишгарон [маълумоти биографӣ] санҷида мешаванд, аз ин рӯ мо ҳоло дақиқ гуфта наметавонем, ки киҳо ба ин мусобиқа мераванд", - гуфт Хабиров.
Вай зикр кард, ки шумораи ниҳоии ширкаткунандагон 28 варзишгар, 14 зан ва 14 мард аст. Кӣ ба ин озмун дар Тоҷикистон меравад, ҳафтаи оянда маълум мешавад, афзуд директор.
Марҳилаи Гран ПрииДушанбе аз 2 то 4 июн баргузор мешавад. Аз 16 то 18 июн дар Остона ва аз 23 то 25 июн дар Улан-Батор мусобиқаҳои Grand Slam баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми март Кумитаи иҷроияи КБО ба федератсияҳои байналмилалии варзиш тавсия дод, ки ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷозаи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ танҳо дар мақоми бетарафро диҳанд. Онҳо аллакай дар чемпионати ҷаҳон, ки аз 7 то 14 май дар Қатар баргузор шуд, ширкат карданд.