Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифои Русия кори ҷангии Су-35С-ро намоиш дод - видео

Ҳангоми яке аз парвозҳои ҷангӣ, ҳавопаймои муосири низомии Русия як ҳавопаймои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро кашф карда, нобуд сохт
Sputnik
Вазорати дифои Русия аз ҷараёни амалиёти вижа дар Украина кори ҷангии ҳайати халабонҳои ҳавопаймои Су-35С-и қувваҳои мусаллаҳи кишварро намоиш дод.
Гуфта мешавад, ки дар рафти иҷрои супоришҳои ҷангӣ экипажҳои ҳавопаймоҳои ҷангандаи таъйиноташон гуногун ё худ бисёрманзура дар як минтақаи муайян посбонӣ кардаанд.
Дар баробари ин пуштибонии амалиёти ҳавопаймоҳои бомбаандоз ва ҳамлаварро амалӣ кардаанд.
Кӯмаки низомии НАТО ба Киев: урани бритониёӣ дар самои Варшава
Инчунин ҳавопаймоҳои Су-35С ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пуштибонии чархболҳои авиатсионии артишро коркард карданд.
Дар ҷараёни яке аз ҷангҳо як ҳавопаймои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина сари вақт ошкор ва нобуд карда шуд, гуфт вазорати мудофиа.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи кишварро кафолат медиҳад.