ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Амрико ният дорад аз зарфиятҳои ҷангҷӯёни афғонистонӣ барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ истифода намояд.
Дар ин бора, вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Минск изҳор дошт.
"Таҳдиди асосӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аст, ки пас аз ба қудрат расидани толибҳо* мавқеъҳои худро дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшидаанд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, вазири дифои Русия аз дахолати кишварҳои Ғарб ба умури дохилии Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
"Мо боварӣ дорем, ки Иёлоти Муттаҳида тасмим дорад аз зарфиятҳои ин созмонҳои террористӣ барои ноором кардани вазъ дар минтақа истифода кунад", - қайд кард Шойгу.
Вай зикр кард, ки "бо ин мақсад интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳҳои назоратмешуда аз Ховари Миёна ба Афғонистон сурат гирифтааст."
"Дар оянда вуруди онҳо ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, барои содир кардани амалҳои террористӣ имконпазир аст", - таъкид кард Шойгу.
Ба гуфтаи вай, бояд талошҳо дар самти Афғонистон ҳамоҳанг шавад.
"Дар ин шароит мо муҳим медонем, ки таваҷҷуҳи зарурӣ ба машқҳои муштарак ва ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шаклҳои бисёрҷониба дода шавад", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу таъкид кард, ки "ба ҷои эҳёи Афғонистон пас аз хуруҷи фаврӣ аз Кобул, кишварҳои НАТО бо роҳҳои мухталиф талош доранд ҳузури низомии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ барқарор кунанд".
"Мо инро як таҳдиди мустақим ба субот ва дар маҷмуъ ба тамоми фазои СПАД мешуморем", - хулоса вазири дифои Русия.
Қаблан вазирони дифои Русия ва Белорус санадеро имзо карданд, ки тартиби нигаҳдории силоҳи ҳастаии ғайристратегии Русияро дар як анбори махсус муайян мекунад.
Ба гуфтаи Шойгу, чораҳои татбиқшаванда "ба тамоми ӯҳдадориҳои ҳуқуқии мавҷудаи байналмиллалӣ мувофиқат мекунанд".
* гурӯҳ барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.