ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи XI байнулмилалии ҷудо "Ҷоми Анатолий Рахлин" ширкат мекунанд.
Чорабинии варзишӣ дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзҳои 3 ва 4 июн ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои баргузоркунандагон, дар сабқати байналмилалӣ беш аз 1,5 ҳазор ҷудокор аз 12 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Ба гуфтаи довари категорияи байналмилалӣ, асосгузори лигаи ҷудои ҷавонони Санкт-Петербург таҳти унвони "Аврора", Евгений Рахлин, соли равон ин чорабинӣ ба 85-солагии мураббии шоистаи Русия Анатолий Рахлин бахшида шудааст.
"Ин мусобиқа барои наврасони то 18-сола аст, он байналмилалӣ хоҳад буд. Кишварҳои ҳамсоя ширкат мекунанд", - гуфтаст Рахлин ба ТАСС.
Ҳамин тариқ, ба ҷуз аз Тоҷикистон, ба шумори варзишгарони иштироккунанда намояндагони Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон шомиланд.
Ҳамчунин, ҷудокорон аз Эрон, Юнон, Абхозистон даъват шуда, як қатор кишварҳои дигар ҳоло дар марҳилаи сабти ном қарор доранд. Бақайдгирии иштирокчиён то 29 майи соли 2023 сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи июн дар худи Душанбе низ мусобиқаи бузурги байналмилалии ҷудокорон ба нақша гирифта шудааст, ки вориди сайри ҷаҳонии ҷудо гардидаст.