ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳида озмоишҳои клиникии ҷойгир кардани чипҳо дар майнаи одамонро шурӯъ мекунанд.
Ин корро ширкати амрикоии чипҳои мағзи сар Neuralink, ки ба Илон Маск тааллуқ дорад, анҷом медиҳад, ки барои гузаронидани амалиётҳо дар одамон иҷозат гирифтааст.
Дар саҳифаи расмии Твиттер намояндагони ширкат хабар доданд, ки Идораи озуқа ва маводи дорувории ИМА (FDA) иҷозат додааст.
Neuralink қайд кард, ки онҳо барои кӯмак ба онҳое, ки ба он ниёз доранд, як қадам наздиктаранд.
"Мо бо хушнудӣ эълон мекунем, ки мо иҷозати FDA-ро барои оғози озмоишҳои клиникии инсонӣ гирифтем! Ин натиҷаи кори аҷиби гурӯҳи Neuralink дар ҳамкории зич бо FDA мебошад ва як қадами муҳими аввалинест, ки рӯзе ба технологияи мо имкон медиҳад, ба бисёр одамон кумак расонад", - омадааст дар иттилоияи ширкат.
Кормандони ширкат афзуданд, ки ба зудӣ ҷалби ширкаткунандагони ихтиёрӣ барои озмоишҳои клиникиро эълон хоҳанд кард.
Қарор аст, чип ба инсон имкон диҳад, ки компютер ва телефони худро бе ёрии дастҳо истифода баред.
Дар соли 2021, Neuralink маймунеро нишон дод, ки чипи майнаро дар он ҷойгир карда буд.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал, дар назди система вазифа гузошта шудаааст, ки амнияти он, инчунин қобилияти кор бо дастгоҳҳои рақамӣ бо қудрати фикрро тасдиқ кунад.
Таъкид шудааст, ки агар озмоишҳои клиникӣ муваффақ анҷом шаванд, он гоҳ маҳсулот ба ҳама фурӯхта мешавад ва ба беморони фалаҷ дар ҷои аввал пешбинӣ шудаанд.
Маск қаблан гуфта буд, ки "имплантатсияи инқилобии мағзи сар"-и Neuralink барои рафъи шароитҳое ба мисли фалаҷ ё нобиноӣ кӯмак хоҳад кард.