ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Пойгаи синхронӣ бо ширкати варзишгарони касбӣ ва ҳаваскорон дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамзамон сурат мегиранд.
Пойтахти Тоҷикистон бори аввал мизбони ниммарафони байналмилалии One Run мешавад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби "Лигаи қаҳрамонон"-и Русия бо дастгирии шаҳрдории Душанбе, инчунин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Дар пойга, ки рӯзи якшанбеи 4 июн сурат мегирад, ҳудуди 1000 нафар ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, он якбора дар чаҳор масофа - 1, 5, 10 ва 21,1 километр баргузор мешавад.
Макони оғози чорабинӣ майдони "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе интихоб карда шудааст, иттилоъ доданд масъулин. Ҳар кас метавонад иштирокчии ниммарафон шавад. Барои ин, бояд довталабон пешакӣ сабти ном шаванд.
Ташкилкунандагон қайд мекунанд, ки ин як имконияти беҳамто барои гузаронидани рӯз бо оила ё дӯстон, пайдо кардани одамони ҳамфикр, расидан ба оғози расмии аввалин ва гузоштани рекорди шахсӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки чунин пойга дар як вақт – соати 09:00 ба вақти Маскав дар чанд кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешавад. Бори аввал ба сабқат, дар баробари Тоҷикистон кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Арманистон ва Қирғизистон ҳамроҳ шуданд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан 160 ҳазор нафар дар ниммарафони байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.