Сӯхтори шадид дар яке кӯчаҳои шаҳри Сидней дар як биное рух дод. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба полиси Уэлси Нави Ҷанубӣ хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар кӯчаи Рандл дар наздикии истгоҳи Гранд-Сентрал тақрибан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Тамоми шаҳрро дуди ғализ фаро гирифтааст.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна як қисми биное, ки ба коми оташ рафт, фурӯ рехт.
Дастаи оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Як қатор роҳҳои маҳаллӣ баста шуда, вуруди ронандагон ба ин минтақа манъ шудааст.
Хадамоти оташнишонӣ ва наҷоти минтақаи Уэлси Ҷанубӣ дар ҳоли ҳозир дар маҳалли сӯхтор дар як бинои бузурги чандошёна қарор доранд.
Transport NSW гуфт, ки истгоҳи марказӣ ҳамчунон ба таври муқаррарӣ кор мекунад.
То ҳол, дар бораи талафоти ҷонӣ ва осебдидагон маълумоте нест.