ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Борону жолаи шадид дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон боиси омадани сел ва харобкориҳо гардид.
Дар ин бора, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳи мошингард ва заминҳои кишоварзӣ зери об мондаанд.
Гуфта мешавад, ки барои рафъи паёмадҳо нерӯ ва васоили Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар шудааст.
Ҳоло корҳо барои аз лойоба тоза кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ давом дошта, зарари он муайян карда мешавад. Илова бар ин, сел дар масофаи 5 километр шоҳроҳи Сарипул-Навободро баст.
Раёсати КҲФ таъкид карда, ки дар ноҳияи Файзобод 31 сар чорвои калони шохдор бар асари лағжиши ярч ба ҳалокат расидааст. Хушбахтона миёни сокинони маҳаллӣ талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки то 26 май эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.