Дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо кӣ бозӣ мекунад?

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи I аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи I бозӣ мекунад.
Дар ин бора, Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар додааст. Ҳамин тавр, дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ рақибони Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Кубок Азии 2024 жеребьевка
Гуфта мешавад, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи I аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибон ва инчунин 4 дастаи беҳтарин дар байни ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхатҳо ба финали Ҷоми Осиё-2024 мегарданд.
Интизор меравад, ки он соли 2024 дар Қатар баргузор шавад.
Голборону мусовӣ дар даври дуюми CAFA-2023: Кӣ бурду кӣ бохт?
Қаблан сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов интизориҳои худро аз чемпионати ояндаи ҷавонони CAFA - 2023 баён карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқа охирин санҷиши қувва пеш аз чемпионати Осиё дар Таиланд хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати CAFA 2023 (U-20) байни ҷавонон аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Афғонистон - 22 май, Туркманистон - 24 май, Ӯзбекистон - 26 май ва Эрон - 28 май бозӣ мекунад.