Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад

Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба далели набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдорӣ бештари маҳсулоти кишоварзии вилоят талаф меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш дар сеюмин Форуми байналмилалии содиротии "Бохтар Фуд-2023" гуфт, ки дар сол дар вилоят беш аз 1 млн 600 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёз ва қариб 240 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад.
Вай гуфт аз ин, ҳамагӣ то 100 ҳазор тонна содирот мешавад.
“Мутаассифона, бинобар мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аксарияти маҳсулот талаф меёбанд”, - таъкид кард раиси вилояти Хатлон.
Вай илова кард, ки мақомоти Тоҷикистон манфиатдор аст, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро бо мақсадҳои содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монад.
Эрону Ироқ омодаанд ба истеҳсолоти Хатлон сармоягузорӣ намоянд
Инчунин Давлаталӣ Саид зикр кард, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад.
“Мо барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем”, - илова кард раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон афзуд, ки барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 адад сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 амборхона бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону содироткунандагон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.