Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд

"Роскосмос" пас аз тасвиби тарҳи созишнома аз ҷониби Девони вазирони Русия дастур гирифтааст, ки ин санади ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро имзо кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст, таъкид шудааст дар дастури нашркардаи девон.
Бар асоси ин санад, Девони вазирони Федератсияи Русия ба корпоратсияи давлатии бахши кайҳон, "Роскосмос" дастур дод, ки пас аз баррасӣ созишномаро имзо кунад.
Тарҳи мазкур марбути ҳамкорӣ "дар сохаи тадқик ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон" дахл дорад.
Дар ҳуҷҷат омадааст, лоиҳаи "Роскосмос", ки бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаст, ҷонибдорӣ карда шавад.
Бори нахуст: Истифодаи технологияи ҳастаӣ барои рушд дар Душанбе баррасӣ мешавад
Девони вазирон "Роскосмос"-ро муваззаф кардааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Федератсияи Русия имзо кунад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва "Роскосмос" тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар бахши кайҳонро омода мекунанд
Таъкид шудааст, ки санади мазкур қариб 10 самти кори муштаракро дар бар мегирад, ки таҳқиқи кайҳон бо аҳдофи осоишта, омодасозии мутахассисону назорати Заминро фаро мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан яке аз маҷмааҳои муосиру муассири ҷаҳонӣ дар бахши кайҳон - "Окно" дар Тоҷикистон дар ихтиёри Русия қарор дорад.