Толибҳо: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем

Вазорати дифои толибҳо дар баёнияе эълом кард, кард, ки мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити дӯстона бо Эрон буда ва хоҳони густариши ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф бо ин кишвар аст, эълон кардааст, муовини Ситоди артиши ҳукумати Толибон Молихон Сиддиқ, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудей”.
Ба дунболи пайгириҳои ахири мақомоти аршади Эрон дар хусуси ҳаққобаи рӯдхонаи Ҳирманд, сомонаи расмии вазорати дифои ҳукумати Толибони Афғонистон аз мулоқоти Молихон Сиддиқ, муовини Ситоди артиши ҳукумати толибҳо бо Баҳроми Ҳусайнии Мутлақ, муовини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Кобул хабар дод.
Дар гузориши расмии вазорати дифои ҳукумати Толибон омадааст, Молихон Сиддиқ зимн хушомадгӯӣ ба ҳайати эронӣ, ба ҳамкориҳо ва равобити ҳусни ду кишвари ҳамсоя ишора карда ва гуфт, ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити нек бо Эрон буда ва мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф мебошад.
Ҳушдори Эрон ба толибҳо: Як моҳ барои озодсозии ҳақобаи Ҳирманд муҳлат доред
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистон дар ҳузури ҳақобаи Эрон аз руд Ҳирманд гуфт, толибҳо як моҳ барои озодсозии ҳақобаи Ҳирманд муҳлат дорад.