Таъйини пардохтпулии якумрӣ барои ҷоизадорҳои олимпӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷоизадорони олимпӣ аз ҷумҳурӣ, ки давоми солҳои Истиқлол ба даст оварда шудаанду мешаванд, пардохтпулии якумра таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Пардохтпулии якумра барои ғолибону ҷоизадорони олимпӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 пардохт карда мешавад.
Дар ин бораи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як қарори ҳукуматро имзо намудаст. Тибқи тартиби тасдиқкардаи ҳукумат, маблағҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпиро пардохт мегарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ҳаҷми якмоҳаи кумакпулиро муқаррар кардааст, ки барои нишони тило ба 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад. Соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомониро ташкил дода, он ҳамасола дар қонуни буҷаи ҷумҳурӣ мушаххас мешавад.
Барои медали нуқра ва ҷои дуюм дар бозиҳои олимпӣ мукофотпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардидааст. Барои медали биринҷии олимпӣ кумакпулӣ 20 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад.
Бурду бохт дар рӯзи аввали CAFA-2023
Таъкид шудааст, ки ин маблағ барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ пардохт мешавад, ки дар даврони истиқлолият соҳиби медал гардидаанд ё мешаванд.
Таъкид шудааст, ки агар варзишгар аз ҷониби созмонҳои зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, пардохти моҳонаи якумра мутаваққиф мешавад.
Инчунин таъкид шудааст, ки пардохтпулиҳо азсар гирифта мешавад, агар иттиҳоми созмонҳои зиддидопингӣ таъйид нашаванд.
Айни ҳол Тоҷикистон 4 медали олимпӣ, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дорад. Медали тилоро гурзандоз Дилшод Назаров, нишони нуқраро Юсуф Абдусаломов, медалҳои биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев ва муштзан Мавзуна Чориева ба даст оварданд.