ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки 86,6 ҳазор км.кв хоки Озарбойҷон, ки Ереван омодааст онро эътироф кунад, минтақаи Карабоғро низ дарбар мегирад.
"Аммо бояд гуфт, ки масъалаи ҳуқуқ ва амнияти арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ бояд дар формати Боку-Степанакерт баррасӣ шавад", - гуфт Пашинян дар нишасти хабарӣ.
Аз ин пеш вай инчунин изҳор дошт, ки ҳар ду кишвар тамомии ҳудудии якдигарро дар доираи сарҳадҳои маъмурии замони Шӯравӣ эътироф мекунанд.
Дар навбати худ, ба гуфтаи ӯ, ҷониби Арманистон муътақид аст, ки Озарбойҷон омода аст тамомияти арзии Арманистонро бо масоҳати 29,8 ҳазор км. кв. эътироф кунад.
Пашинян афзуд, бояд чунин кафолатҳое фароҳам биёрем, ки дар доираи он сиёсати нобудкунии қавмӣ ва наслкушӣ алайҳи арманиҳо дар Қарабоғ аз байн бурда шавад.
Ёдовар мешавем, ки авзоъ дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ моҳи сентябри соли 2020, замоне, ки дар минтақа миёни низомиёни ду кишвар даргириҳо шурӯъ шуд, шиддат гирифт.
Дар натиҷа, изҳороти сеҷониба аз ҷониби президентҳои Русия Владимир Путин, президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба имзо расид.
Дар минтақаи низоъ амалиёти ҷангӣ комилан қатъ шуда, нерӯҳои посдори сулҳи Русия низ дар хати тамос ва долони Лочин мустақар шудаанд.