Нахустнамоиши балети “Куруши Кабир” дар Душанбе чӣ гуна гузашт – видео

Ин намоише, ки дар Душанбе нишон дода шуд, натиҷаи кори якҷояи устодони саҳнаи точик ва мутахассисони Донишкадаи санъатии театри Русия буд
Sputnik
Дар театри давлатии академии опера ва балети Точикистон ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши балети "Курши Кабир" бо чапакзании давомнок анҷом ёфт.
Дар ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Гуфта мешавад, ки намоишнома натиҷаи кори муштараки устодони саҳнаи тоҷик ва мутахассисони Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) будааст.
Ҳамин тавр, шахсияти лашкаркаши барҷаста Куруши II диққати фарҳангиёнро ба намоишномае, ки бо ангезаҳои худшиносии таърихӣ, шинохти худ ва ҷаҳон тавассути нигоҳи арзишҳои ахлоқӣ фаро гирифта шудааст, ҷалб кард.