ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Як мошини мусофирбар дар шоҳроҳи вилояти Саратов ба чуқурии канори роҳ чаппа шуд, хабар дод вазири тандурустии минтақа, Олег Костин дар саҳифааш дар Telegram.
Ба иттилои Костин, ин худрав ҳомили чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон будаст, ки дар пайи чаппа шудани он маҷруҳ гардидаанд.
"Ҳодиса соати 5.35 (4.35 ба вақти Маскав) дар километри 542-юми шоҳроҳи Ф-298 дар қитъаи Дергачӣ-Озинки рух додааст", - таъкид намудаст ӯ.
Вай аз зарардидаҳо мардони 18, 27, 33 ва 41-сола ном бурдаст, ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.
Ба иттилои вазири тандурустии Саратов, осебдидаҳо ҷароҳатҳои гуногун, аз латхӯрӣ, ҷароҳатҳои пӯшидаи мағзи сар ва ларзиши мағзи сар ташхис шуда, табибон вазъи онҳоро миёна арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Раёсати БДА-и вилоят ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки дар наздикии деҳаи Модини ноҳияи Озинский як мошини тамғаи “Лада Ларгус” ба як бузи ваҳшӣ бархӯрда, аз роҳ берун шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳолатҳои рух додани садама бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд, ки асосан дар роҳ ба марзи Қазоқистон рух медиҳанд. Ба он ҷо тоҷикистониҳо барои убури марз мераванд, ки барои таҳияи аснод расмиёти зарурӣ ба ҳисоб меравад.