ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Абдулҳамиди Хуросонӣ далели канорагириашро ихтилофоти дарунӣ миёни ӯ ва "раҳбарони толибҳо" унвон кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ҳашти субҳ”.
Ҳарчанд ӯ ба гунаи дақиқ дар бораи ин ихтилофот чизе намегуяд, аммо пеш аз ин вай мавлавии Ёқуб, сарпарасти вазорати дифои толибҳоро ба таассуботи қавмӣ муттаҳам карда буд.
Абдулҳамиди Хуросонии машҳур ба Носири Бадрӣ, аз нахустин афроде буд ки пеш аз суқути Панҷшер, бо толибҳо пайваст ва аз сӯйи ин гурӯҳ ба унвони амири амнияти толибҳо барои он вилоят муаррифӣ шуд.
Ӯ аммо пас аз чанд моҳ аз он самт низ ба далели бурузи ихтилофоти дохилӣ канор рафт.
Хуросонӣ дар охирин маврид соли гузашта, ба ҳайси вулусволи Аҳмадободи вилояти Пактиё гумошта шуда буд.
Ёдоварӣ мекунем, ки пеш аз ин низ оқои Хуросонӣ борҳо бо пахши наворҳои тасвирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз таассуботи қавмӣ дар режими толибҳо шикоят кардааст.
Ӯ дар замони ҳукумати пешин ҳам чанд моҳ ба зиндон андохта шуда буд. Коршиносон дар бораи ӯ мегӯянд, ки ӯ одам бо эътимод нест ва то кунун чандини бор тағйир ақида кардааст.