Парчами Русия дар шаҳри пурра озодшудаи Бахмут е Артемовск – видео

Артиши Русия навори афрохтани парчами ин кишвар болои шаҳри Артемовск ё бо тарзи талафузи украиниҳо Бахмут расонаӣ кард
Sputnik
Дафтари матбуоти Ширкати хусусии низомии "Вагнер" видеои барафрохтани парчами Русияро болои шаҳри Артемовски озодшуда нашр кард.
Дар навор дида мешавад, ки сарбозон парчамҳои Русия ва гурӯҳи Вагнерро бардошта ва дар боми биноҳои чандошёна, ки дар набардҳо тахриб шуданд, насб мекунанд.
Дар видео инчунин харобаҳои шаҳр дида мешавад. Илова бар ин, дар видео харитаи Артемовск нишон дода шудааст, ки дар он шаш нуқта бо парчамҳои Вагнер нишон дода шудааст.
Чанде пеш, Евгений Пригожин раҳбари гурӯҳи “Вагнер” дар бораи пурра озод кардани шаҳри Артемовск хабар дод. Вай ба мардуми Русия, ки аз сарбозони ин гурӯҳ пуштибонӣ мекарданд, изҳори сипос кард.
Нерӯҳои Русия дар як рӯз 210 сарбоз ва зархариди украиниро маҳв карданд
Вай ҳамчунин аз генералҳо Сергей Суровикин ва Михаил Мизинтсев, ки "барои анҷом додани ин амалиёти душвор имкон фароҳам карданж " алоҳида ёдовар шуд.
Оқои Пригожин ҳамчунин қайд кард, ки аз 25 май “Вагнер” барои истироҳат ва бозомӯзӣ воҳидҳои худро аз Артемовск хориҷ хоҳад кард ва шаҳрро ба артиши РУсия месупорад.
“Ҷанговарони гурӯҳ инчунин "хатҳои зарурии дифоиа"-ро месозанд ва назорат аз болои ин шаҳрро ба ихтиёри Вазорати дифоъ дода мешавад”, - гуфт ӯ.
Артемовск дар ҶМД дар шимоли шаҳри бузурги Горловка вокеъ аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс аст ва дар тӯли моҳҳои зиёд барои контроли он набардҳои шадид идома дошт.
Кушта шудани 70 сарбози украинӣ ва зархарид дар Артемовск дар як шабонурӯз
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.