Дар Душанбе Чемпионати ҷумҳуриявии муҳорибаи омехтаи ММА байни ҷавонону наврасон аз сини 10 то 17-сола баргузор шуд.
Ситораҳои ояндаи UFC маҳорати худро дар сатҳи хеле баланд нишон доданд. Размикорон хуб омода шуда ба майдони ҷанг баромаданд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дидан кард.
Дар наворҳои видеоӣ даҳҳо размикори ҷавон на танҳо ҳангоми муҳорибаҳо, балки тамрини "паси парда"-и онҳо низ дида мешавад.
Хамаи бачаҳо чемпионҳои оянда ва шогирдони мураббиёни беҳтарини ҷумҳурӣ мебошанд.
На танҳо падару модарон, балки ҳамаи онҳое, ки аз ин варзиш бетараф нестанд, дар назди майдон ҷамъ омада. Дар натиҷаи мусобиқа паҳлавонони ҷавон таҷрибаи нави пурқимате гирифтанд, ки дар оянда ба кумак хоҳад кард.