Дар парлумони Гурҷистон ҳарфҳои вазири умури дохилӣ занозаниро ба бор овард: Видео

Занзанӣ миёни вакилони парлумон дар Гурҷистон пасаз он шурӯъ шуд, ки вазири умури дохилӣ дар бораи эътирозҳои ахири ин кишвар ҳарф зад
Sputnik
Задухӯрд дар толори маҷлиси парлумони Гурҷистон миёни намояндагони гурӯҳи сиёсии "Нерӯи мардум" ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.
Бар хабари Sputnik Гурҷистон, вакилон ҳангоми суханронии вазири умури дохилӣ Вахтанг Гомелаурӣ занозанӣ карданд.
Вазир ба вакилони порлумон дар бораи вазъи тазоҳуроти зидди қонунҳо "Дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар рӯзҳои 7 ва 8 март, ки бо ошӯб ва пароканда кардани эътирозгарон анҷом ёфт, нақл кард.
Дар Кремл гуфтанд, ки пушти эътирозҳои Гурҷистон кӣ меистад
Баъд аз он вакилон ҳуқуқи суханронӣ пайдо карданд. Изҳороти тунди раҳбари "Стратегияи Агмашенебели" Гиоргий Вашадзе алайҳи намояндагони "Нерӯи мардум" ва ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон - Гурҷистони демократӣ" дар толори нишаст ҳангома ба бор овард, ки ба таҳқири мутақобилаи байни ду ҷониб табдил ёфт.
Вақе Вашадзе аз минбар фаромад, дар байни ӯ ​​ва вакили "Нерӯи мардум" Дача Берай задухӯрд ба амал омад, ки ба он дигар вакилони парлумон ҳамроҳ шуданд.
Фақат бо мудохилаи вакилони дигар ва иҷрочиёни суд ин занозанӣ поён ёфт.