ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, борону жола меборад, пешгӯӣ мекунад, Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар ВМКБ борон меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа сард, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд, тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши борон ва жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзоа 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон борон бошиддат меборад ва раъду барқ ва жола ба амал меояд.
Ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад
Дар навоҳии тобеъ низ, шабона борони бошиддат меборад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддатборида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.