ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзҳои 22 ва 24 июн ярмаркаи IХ байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мегардад.
Дар ин бора муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Ғайрат Қобилзода, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
То имрӯз ширкатҳои хоҳишманди зиёде аз кишварҳои Русия, Туркманистон, Белоруссия, Туркия, Эрон ва Чин иштирокашон дар намоишгоҳҳро тасдиқ намудаанд” - гуфт, манбаъ.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноат ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳро таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратии хориҷӣ арзёбӣ кард.
Қарор аст дар доираи ярмаркаи байналмиллалии савдо дар Хуҷанд ҳамзамон гузаронидани форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
“Багузории намоишгоҳ дар толори муҳташами Қасри варзиш” и Хуҷанд дар назар аст. Дар ҷараёни баргузории он миёни ширкатҳои ватанӣ ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот пешбинӣ шудааст” – таъкид намуд, Қобилзода.
Интизор меравад, дар ярмаркаи IХ байналмилалии савдо "Суғд-2023" ва форуми тиҷоратӣ бар иловаи соҳибкорони Суғд наздик ба 500 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон гирди ҳам биёяанд.
Ҳамчунин дар ярмаркаи савдои "Суғд - 2023" соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни Русия, Туркманистон, Туркия, Белорус, Эрон, Чин, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Дар баробари ин дар ярмарка соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ низ ширкат хоҳанд кард.