ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Сиани Чин бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора, дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносиботи кишварҳое, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, аз ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ба шарикии стратегӣ ҷаҳиш кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои зеринро баррасӣ карданд:
иқтисодиёти “сабз” ва рақамӣ;
инфрасохтор;
саноати электроэнергетика;
сохтан ва аз нав сохтани станцияхои электрикии Точикистон.
Илова бар ин, Раҳмон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистони Шимолӣ пуштибонӣ кард.
Аммо, раисиҷумҳур таъкид намуд, ки нахуст лоиҳаи роҳ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бояд то гузаргоҳи Кулма-Қарасӯ анҷом дода шавад, ки дар навбати худ аз ҷониби Чин изҳори розигӣ шунида шуд.
Дар чорчӯби сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши Чин + Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард. Ин чорабинӣ таҳти раёсати раиси ҷумҳури Чин бо ширкати раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Маълум аст, ки Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷа ва ёварони равобити хориҷӣ ва иқтисод ҳамроҳӣ мекунанд.