ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти шаҳри Панҷакент барои хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби заминҳои захиравӣ якуним гектар замин ҷудо намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилоии манбаъ, дар ин қитъаи замин кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дигар хидматчиёни давлатӣ барои таъмини оилаи худ картошкаю сабзавот кишт намуданд.
Қайд карда шудаст, ки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ҳангоми сафари корӣ ба Панҷакент ин таҷриба ва иқдомро дар шароити имрӯза хуб ва зарурӣ арозёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласае гуфт, ки дар вилояти Ҳатлон бештар аз 14 ҳазор гектар заминии обии бекор хобидааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.
Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.
“Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст”,- гуфт президент.
Раисҷумҳур аз аҳолии кишвар хостааст, ки барои рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.