ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русия омодаи ҳамкории зич бо кишварҳои ҷаҳони ислом аст.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар паёми табрикотии видеоии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, вазорати хориҷаи Русия аз кори ин ҳамоиш ҳаматарафа ҳимоят мекунад.
Вай кайд кард, ки Маскав бо кишварҳое, ки мавқеъашон мувофиқ ё нба мавқеи мо наздик аст, хамкорӣ хохад кард.
"Мо аз рӯи анъана муносибатхои дустонаро бо аксари кишварҳо ҷаҳони ислом тақвият медихем”, — гуфт вай.
Лавров афзуд, ки Русия ва дигар давлатҳоро мавқеъи муштараки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бар пояи принсипҳои баробарӣ, баррасии мутақобилаи манфиатҳо ва ҷустуҷӯи тавозун муттаҳид мекунад.
"Мо ҳамеша аз гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии миллатҳои ҷаҳон пуштибонӣ мекунем. Барои муайян кардани самту роҳҳои рушди худ ин ҳаққи табии онҳост", - таъкид кард Лавров.
Ин аст, ки ҳамкориҳои миёни Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом дар тамоми арсаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Вай инчунин қайд кард, ки мавзӯи бисёрқутбӣ хеле муҳим аст. Ба гуфтаи вай, таҳкими низоми нави одилона ва демократии ҷаҳон муҳим аст.
"Марказҳои нави ҷаҳонӣ дар АвруОсиё, минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, Ховари Миёна, Африқо, Амрикои Лотинӣ дар бахшҳои мухталиф бар пояи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлат ва ҳувияти фарҳангиву тамаддунӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд", - таъкид кард вазири хориҷаи Русия.
Айни замон ин давлатхо пеш аз хама манфиатхои миллиро рӯи даст гирифта, сиёсати мустакилона мегузаронанд.
Вай дар охири суханрониаш гуфт, Русия ба хамкории зич бо дустони ҷаҳони ислом омода аст.