Коршинос: тарҳи "Чин-Осиёи Марказӣ" дарозмуддат хоҳад буд

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ худ аз худ ба миён наомадааст: кишвардорон бояд имконоти равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия ва Чинро муайян кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Формати мулоқоти раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарозмуддат кор хоҳад кард, гуфт Бахтиёр Эргашев, мудири Маркази ташаббусҳои тадқиқотии “Маъно” дар Тошканд.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити нооромиҳои геополитикӣ ва ташаннуҷи ҷаҳон ин формат аҳамияти худро гум нахоҳад кард.
"Шакли нави мулоқоти Чин ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи сарони давлатҳо як тарҳи дарозмуддат аст", — гуфт Эргашев ба РИА Новости.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки мулоқоти раҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ бо раисиҷумҳури Чин худ ба худ ба вуҷуд наомадааст.
Коршинос бар ин назар аст, ки Чин тадриҷан ба самти доштани муколамаи муштараки худ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳаракат кардааст.
Ҳамин тариқ, формати "Чин + Осиёи Марказӣ" дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ аз соли 2020 пеш аз пандемияи коронавирус ба кор шурӯъ кард.
Тоҷикистон метавонад додугирифташро бо Чин то се миллиард доллар расонад
"Чаро ин мулоқот ҳоло баргузор мешавад? Зеро ташаннуҷ дар муносибатҳо имрӯз на танҳо байни Русия ва блоки кишварҳои ғарбии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад, балки танишҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин хеле ҷиддӣ афзоиш меёбанд, бахусус ҳама чизҳои марбут ба мақоми Тайван", - гуфт манбаъ.
Дар ҷангҳои таҳримии феълӣ, ки ба ҳамкории минтақа на танҳо бо Русия, балки аллакай бо Чин таҳдид мекунанд, кишварҳои минтақа намехоҳанд ба “дом”-и таҳримҳои дуввумдараҷа биафтанд, бовар дорад, Эргашев.
Душанбею Пекин хостори омадурафти бештари заминию ҳавоӣ шуданд
"Мантиқ аз ин кишварҳо тақозо мекунад, ки имкону маҳдудиятҳои равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Русия ва Чинро дар шароити пуршиддати рӯзҳои ахир муайян кунанд", - хулоса кард коршинос.
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Си Ҷинпин, раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май ба Чин сафар мекунанд. Онҳо аз 18 то 19 май дар нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.