ДУШАНБЕ, 17 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат кишвардори Тоҷикистон раҳбари Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуд.
Раҳбари кишвар ҳамчунин ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу кард.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат Президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни суҳбат аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар руҳияи муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин саммити дарпешистода дар сиғаи "Осиёи Марказӣ-Чин", ки пагоҳ дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.