Ҳайдаров: фазои расонаӣ дар Тоҷикистон умдатан русзабон аст

Забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дошта, умдатан фазои расонаии кишвар низ русзабон мебошад, гуфт коршиноси тоҷик
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳудуди 50%-и фазои иттилоотию расонаҳо дар Тоҷикистон русзабонанд, изҳор дошт роҳбари бахши минтақашиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ, Музаффар Ҳайдаров.
Ӯ зимни конфронси III-юми Осиёи Марказӣ дар клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", таъкид намуд, ки русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони расмии муоширати байни миллатҳоро дорад.
Ба гуфтаи Ҳайдаров, ҳеч маҳдудияте барои донишҷӯёни русзабон барои таҳсил дар ин кишвар мавҷуд надорад ва махсусан барои онҳо мувофиқ аст, ки майл ба масоили шарқшиносию забони форсӣ доранд.
Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон мактабҳои русӣ фаъол шуда истодаанд ва дар назар аст, боз чанд муассисаи дигар низ ба кор оғоз намоянд. Дар чунин шароит ниёз ба омӯзгорони забони русӣ бештар мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон намерасанд, изҳор дошт Ҳайдаров.
Лавров хостори ҳамкории бештар бо Тоҷикистону кишварҳои дигари ОМ шуд
Дар ҳамин ҳол Русия ва Тоҷикистон талош доранд, ки ҳамкориро дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла дар риштаи маориф таҳким бахшанд.
Русия шумораи квотаҳо барои донишҷӯён аз Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад, изҳор дошт ахиран муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин.
Вай дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли нави таҳсил барои довталабон аз Тоҷикистон 152 квота бештар ҷудо мешавад. Теъдоди умумии квотаҳо дар назар аст, ки ба зиёда за 900 адад расонда шавад.