Вашингтон дар хашм аст: Киев зарбаи ҷавобиро мавқуф гузошта истодааст

Вашингтон ва Киев чун ҷуфте дар остонаи ҷудошавӣ менамоянд: дар хона ҷанҷол мекунанду зарфшиканӣ - дар мазҳари ом бошад, мекӯшанд муҳаббаташонро нишон диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik, Виктория Никифорова. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба таври оммавӣ ба украиниҳои таҳти васояташон нишон дод, ки барои зарбаҳои ҷавобӣ ҳама чизи лозимаро доранд. Фурсати ҷанг расидааст- фурсати бозпас гирифтани қаламравҳои гумкарда.
Дар Украина бо ин фикр розӣ нестанд. Котиби Шӯрои амният Данилов ба мулоҳизаронии фалсафӣ гузашт - дар бораи он ки, гӯё нофаҳмост- муваффақияти зарбаи ҷавобӣ чист, чиро ғалаба ҳисобидан мумкин аст, чиро не. Сардори Вазорати корҳои хориҷа Кулеба низ бо ҳамин оҳанг ба нолиш даромад
Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Украина аз радарҳо батамом гум шуд. Ба қарибӣ ӯ бояд дар ҷаласаи Кумитаи низомии НАТО баромад мекард ва баромад накард – ҳатто дар шакли фосилавӣ. Мегӯянд, ки давоми як моҳи охир вайро ҳеҷ кас надидааст. Бо вай чӣ шуд? Аз зарбаи дақиқиаш саҳеҳи қувваҳои низомӣ-кайҳонии Русия кушта шуд? Дарун даруни полез дар пироҳани занона ба суратҳисобҳои банкии хориҷияш наздик шудан мехоҳад? Ё чун Гитлер дар паноҳгоҳи зеризаминияш (бункер) ранҷ бурдан дорад?
Аз эътибор соқит намудани ДОВСЕ: Русия ба тобути муносибатҳо бо НАТО охирин мехро кӯфт
Аз ин сӯ ба он сӯ андохтанхои украиниро Зеленский ҷамъбаст намуд. Намояндагони ВАО-и ғарбиро даъват намуда, изҳор дошт, ки аз як тараф барои задани зарбаи ҷавобӣ ҳама чизро доранд, аз тарафи дигар – ин ба қурбониҳои зиёд байни украиниҳо оварда мерасонад. Бинобар ин, зарур меҳисобад, ки зарбаҳои ҷавобӣ мавқуф гузошта шаванд.
Чунин хурӯҷи якбораи дарди инсондӯстии ин одам шигифтангез аст - одаме, ки дар як лаҳза метавонист ҷангро бас кунад, лекин ба ҷои ин 315 ҳазор нафар шаҳрвандонашро ба коми аҷал фиристод – ин рақамҳоро худи ҳозир намояндаи ашрофзодагони ИМА Роберт Кеннеди расонаӣ кард.
Чун дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ваҳшонияти бандерагиҳо ҳатто хоҷагони ғарбии онҳоро моту мабҳут гардонидааст.
”Он ҷо (дар Украина) мо бо суръати шигифтангез захираҳои худро барбод дода истодаем, теъдоди кушташудагон бошад – даҳшатовар аст”, - ваҳмангез меӯяд генерал Блейн Холт.
Аммо, Зеленский доимо ба марги одамон бепарво буд. Муаммои вай фақат дар он аст, ки гӯштқимакунаке, ки зарбаи ҷавобии Украина ногузир ба он табдил меёбад, дар назари тамоми ҷаҳониён чӣ гуна хоҳад тофт. Ҷавонписарони бадбахт ба таври оммавӣ ҳалок мешаванду сабабаш маълум нест барои чӣ мемиранд – монанди оне, ки бо кӯшишҳои бемаънои фатҳ кардани Днепр тамоми фасли баҳор онҳо ҳалок мешуданд. Аён аст, ки пайвандону рафиқони фавтидагон барои ин ҳама қурбонӣ хунбаҳояшро аз Зеленский мепурсанд. Ӯ тарс дорад.
Лекин хоҷагони амрикоии Украина ҳисобу китоби худро доранд. Он ҷо ҷумҳурихоҳон конгрессро гирифта, мошини ҷангии ИМА-ро ба 180 дараҷа гардониданду яла карданд. Аммо, пеш аз ҳуҷум ба Чин, амрикоиҳоро лозим аст, ки дар театри аврупоии амалиёти ҷангӣ корҳояшонро ба анҷом расонанд. Натиҷабардорӣ кунанд, пулҳояшонро шуморанд. Барои сарфи миллардҳо доллар ҳисобот диҳанд. Барои ожонсиҳои иттилоотӣ манзараҳоеро нишон диҳанд: мана, гӯё украниниҳо зарбаи ҷавобӣ зада истодаанд, мана – ба онҳо техника дастрас карда шудааст – панҷ ҳазор намуд яроқ, бад не-а?
Чӣ гуна бомбаҳои ҳушманди Русия захираҳои ҷангии артиши Украинаро нобуд месозанд?
Агар зарбаҳои ҷавобӣ зада нашаванд, саволи анъанавӣ кӯндаланг меистад: пулҳо канӣ, Зин? Чӣ мешавад, агар на ҳамаи миллиардҳои аз хазинаи амрикоӣ ҷудошуда гапи фач бошанду то ба Украина нарасида бошанд ва демократҳо онҳоро ба киса зада бошанд? Он вақт ҷумҳурихоҳон тамоми амалдорони сари вазифаи ИМА-ро ба суд мекашанд ва интихоботи президентиро дар соли 2024 ба осонӣ мебуранд. Сухан дар бораи мӯҳлатҳои аниқи маҳрумӣ аз озодӣ барои амалдорони аз ҳама баландпоя меравад, азҷумла - дар бораи оилаи Байденҳо.
Ҳоло мо дар бораи дефолт ё худ сарпечӣ аз пардохти қарзҳо ва фоизҳои онҳо нагуфтем, ки имрӯз ИМА дар он варта истодаанд: ҷумҳурихоҳон талаб доранд хароҷотҳо кам карда шаванд, ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ зиёд карда шавад. Бинобар ин, Энтони Блинкен низ дар ҳаяҷон аст ва барои ҳамин Зеленскийро барои задани зарбаҳои ҷавобӣ саросема мекунад. Чуноне, ки мегӯянд, ҷанг ҳамаашро аз эътибор соқит мекунад.
Ҳамаи инро дар Киев ба хубӣ мефаҳманд, бинобар ин, муддате нозу нуз карда, табиист, ки ба ҳуҷум мегузаранд. Стратегияи ин одамхурон тамоман оддист. Ҳазорҳо украиниҳоро ба қассобхона мефиристанд. Барои ин корашон низ боз якчанд миллион доллар гирифта, онҳоро дар суратҳисобҳояшон дар ҷазираҳои оффшорӣ баҷо мекунанду боз бо тамоми овоз ба ҷаҳон меноланд: кам додед, боз диҳед.
Ҳоло бошад онҳо вақтро барои он кашол дода истодаанд, ки аз хоҷагонашон ҳар чӣ бештар яроқи марговар рӯёнанд. Интизори онанд, ки, масалан, кай инглисҳо мушакҳои “Storm Shadow“–ро бо дурии парвози 560 километр медиҳанд. Жозеп Боррел ба онҳо миллион адад гулӯла ваъда кардааст.
Иттиҳоди Маскаву Теҳрон ИМА-ро нигарон кардааст
Якчанд зарба ба шаҳрҳо, фурудгоҳҳо, ба Қрим, ба минтақаҳои нави русиягӣ – ва мана, манзараи боб барои ВАО –и Ғарб омода мегардад. Хайр, зарбаҳо ба шаҳрҳои русиягӣ ба миллатгароёни киевӣ ва хоҷагони амрикоии онҳоро бо наворҳои зарурӣ таъмин менамояд, ки онҳо метавонанд исботи он шаванд, ки оташи низои украиниро мумкин ва зурур аст, ки минбаъд давом диҳанд.
Хулласи калом, расму русуми нолидани Зеленский моро набояд фирефта кунад. Зарбаи ҷавобиро лағв намекунанд - он барои онҳое, ки обро лой карда моҳӣ медоранд, басо фоидаовар аст – онҳо бо ин роҳ дороӣ ҷамъ мекунанд. Украинаро бо Русия то он даме ҷанг меандозанд, ки аввалӣ то ба охир напӯсад, ваҳшонияти ин ҷанг бошад фақат афзудан дорад.