Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шавкат Халилзода даргузашт

Коргардони маъруфи театр дар синни 66-солагӣ даргузашт. Солҳои зиёди умраш ӯ дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт хизмат карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумӣ, арбоби барҷастаи театр, роҳбари бадеӣ Шавкат Халилзода даргузашт.
Вай 66-сола буд. Ба гузориши Sputnik Тоҷикистон, ӯ қаблан ҷарроҳии тарҳрезӣ шуда, аз дармонгоҳ ба хона баргашт, аммо пас аз чанде мушкилиҳо пайдо шуданд.
Дар бораи марги ҳунарманд дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ки Халилзода солхои тулонй директори асосй буд, хабар дода шуд.
"Шахси барҷастае, ки таҷассуми як давраи ҳаёти театрии кишварро ифода кардааст, рафт", - қайд карданд дар театр.
Аҳли фарҳанг ба ҳама пайвандону наздикони ҳунарманди маъруф изҳори ҳамдардӣ карданд.
Дар маҷмуъ беш аз 100 намоишномаи театрӣ аз ҷониби коргардони тоҷик дар саҳнаҳои Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ба саҳна гузошта шудааст, ки аксари онҳо соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ шудаанд.
Даргузашти тарроҳи машҳури Русия Валентин Юдашкин
Илова бар ин, Шавкат Халилзода борҳо барои коргардонӣ, бахусус, барои драмаи равоншиносии "Муноҷот", инчунин барои комедияҳои "Хизматгори ду хоҷа" ва "Шоми шанбе" қадрдонӣ шудааст.
Яке аз корҳои охирини ӯ ба саҳна гузоштани лоиҳаи миллии "Рӯдакӣ" аз рӯи операи Шарофиддин Сайфиддинов ва опереттаи "Аршин мал - Алан" буд.
Маросими видоъ бо марҳум 16 май баргузор мешавад.