ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Пекин, ки идона ороста шуда буд, кишвардорро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқот кунад.
Президенти Тоҷикистон дар Чин
© Flickr \ Хадамоти матбуотии президенти ҶТ
Мавзуи асосии гуфтугӯҳо таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ хоҳад буд, меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ, президент дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" ширкат мекунад.
Президентро дар сафар ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.