ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бонки авруосиёии рушд брои рушди инфрасохтори энержӣ ва обӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳудуди 8,4 млрд доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Дар ин бора муовини раиси Бонки авруосиёии рушд, Денис Илин иттилоъ дода, афзуд, ки рушди босуръати иқтисодии минтақа боиси 10% зиёд шудани истеъмоли об мегардад.
Ин мақомдори бонки байналмилалӣ таъкид намудаст, ки дар натиҷаи рушди босуръати иқтисоди кишварҳои минтақа талабот ба нерӯи барқ низ 34% зиёд мегардад.
"Аз ин рӯ, созмон дар ояндаи наздик барои дастгирии аъзои худ бо сармоягузории ҷиддӣ дар соҳаи энергетика омодагӣ мегирад", - гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки дар қаламрави кишварҳои узви БАОР ба маблағи 13,4 млрд доллар дар 257 лоиҳа амалӣ шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2026 боз 8,4 млрд доллар ба иқтисоди кишварҳои узв сармоягузорӣ гардид, таъкид намуд Илин.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2009 бо тасвиби расмиёту пардохти ним млн доллар ҳаққи аъзогӣ, узви комилҳуқуқи Бонки рушди АвруОсиё мебошад.
Бонки рушди АвруОсиё як созмони молии байнулмилалӣ мебошад, ки зиёда аз 16 сол боз ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узви он ҳиссагузорӣ мекунанд.
Феълан кишварҳои узви ин созмони молиявии байналмилалӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.