Муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия дар маҳалли таркиш дар маркази Луганск қарор доранд ва ҷойи ҳодисаро дақиқ тафтиш доранд, хабар медиҳад хабарнигори РИА “Новости”.
Рӯзи душанбе дар сартарошхонаи воқеъ дар паҳлӯи телевизиони ҷумҳуриявӣ ва 500 метр аз бинои ҳукумат ва бинои Шӯрои мардумии Луганск таркиш рух дод.
Манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии ҶМЛ Игор Корнет ҷароҳат бардоштааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло вазъи Игор Корнет муътадил аст ва ӯ дар бемористон бистарӣ шудааст.
Айни замон муфаттишон дар ҷои ҳодиса қарор доранд, хисороти расидаро муайян ва далелҳоро мусодира доранд.