ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ахиран ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Эрон гардид.
Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкур мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки мақсад аз сафари мақомоти вилояти Хатлон ба Эрон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Эрон арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ мулоқот хоҳад кард.
Ҳамчунин мақомдорони тоҷик аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс дидан намуд, инчунин дар баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ иштирок ва ба ширкатҳои тиҷоратии эронӣ дар шаҳри Машҳад дидору мулоқот хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.