ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Таҳкими рӯзмарраи равобити Русия ва Эрон бояд боиси нигаронии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шавад.
Ин нуктаро муаллифони 19FortyFive, Ҷеймс Филлипс ва Питер Брукс баён доштаанд.
"Вашингтон ва кишварҳои ҳамфикр бояд фавран чораҳо андешанд, то ба иттиҳоди зиддиамрикоии Русияву Эрон муқобилат кунанд, пеш аз он ки ин иттиҳод зиёни бештар ба манофеи миллии Амрико ворид кунад", - таъкид намудаанд онҳо.
Маскав ва Теҳрон ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро тақвият медиҳанд, ки ба гуфтаи рӯзноманигорон, метавонад ба манофеи Вашингтон дар Аврупо, Авруосиё ва Ховари Миёна осеб расонад.
Муаллифон ҳушдор додаанд,, ки Русия метавонад ба Эрон дар барномаи ҳастаиаш, бо мушакҳои дурпарвоз ва ҳамчунин дар таъминот бо ҳавопаймоҳои ҷангии Су-35 ва дигар таҷҳизот кумак кунад.
Филлипс ва Брукс маъмурияти кунунии Қасри Сафед ва Ҷо Байденро айбдор мекунанд, ки тадбирҳо зидди "иттифоқи хатарноки паҳншуда"-ро нигоҳ дошта натавонист.
Қаблан, узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон, Шаҳриёр Ҳайдарӣ гуфта буд, ки Теҳрон пас аз 21 март ҷангандаҳои Су-35-и Русияро қабул хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои табодули таҷриба ва ҳайатҳо аз бахшҳои гуногун миёни Русия ва Эрон афзоиш ёфта, ҷонибҳо азм доранд, ҳамкориро дар ҳамаи бахшҳо таҳким бахшанд.