ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамасола ихтисосу равияҳои омӯзгориро дар муассисаҳои касбии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 21 ҳазор нафар хатм мекунанд.
Дар ин бора директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба нашрияи парлумонии "Садои мардум" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 8,5-9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Вай афзуд, сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгориро дар кишвар таъмин намояд.
"Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад", - изҳор дошт ӯ.
Вай дар шарҳи ин ҳолат гуфт, қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура ба ҷои кор ҳозир намешаванд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак аз сабабҳои дигари ҳозир нашудан ба ҷои кор арзёбӣ мешавад.
Субҳонзода ҳамчунин таъкид намуд, ки барои беҳбуди кор, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии маҳаллӣ мутахассисон бояд аз имтиёзҳои пешбининамудаи ҳукумати Тоҷикистон баҳравар гарданд.