Барномаи ҷаҳонии ғизо: Мардуми Афғонистон ғизоӣ кофӣ надоранд

Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран эълон кардааст, ки рӯзона 20 миллион афғонистонӣ ғизои кофӣ барои хурдан надоранд ва гурусна мехобанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Ҳасиёу Вайлӣ, мудири барномаи ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти башардӯстона эълом кард, ки рӯзона 20 миллион афғон ғизои кофӣ барои хурдан надоранд ва гурусна мехобанд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ"
Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP), шароити Афғонистонро ба шиддати вахим тавсиф кард ва афзуд: ҳудуди 4 миллион кудак ва модар дар Афғонистон бо сӯйи тағзияи шадид мувоҷеҳанд.
Хонуми Ҳасиёу Вайлӣ вазъияти башардӯстона дар Афғонистонро то ҳади зиёдӣ ба ҷанг ва бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон нисбат дод.
Ба гуфта вай бесуботии сиёсӣ ба фақри густарда, ноамнии ғизоӣ ва дастрасии маҳдуд ба хадамоти аввалия ва муроқибатҳои беҳдоштии мунҷар шудааст.
Чин аз толибҳо хост, ҳукумат дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи қавмҳо бошад
Барномаи ҷаҳонии ғизо ҳамчунин эълом кард: дар соли гузашта ба 23 миллион нафар аз ҷумлаи 12 миллион зану духтар дар Афғонистони кумак ғизоӣ кардааст.
Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид мекунад идомаи кумак ба Афғонистон лозим аст ва ин кишвар фавран ба 800 миллион доллари кумак ниёз дорад.
Созмони милали пештар гуфта буд, ки бо вуҷуди инки Афғонистон бо бузургтарин буҳрони башарӣ дар ҷаҳон рӯ ба рӯ аст, камтарини буҷетро дар ихтиёр дорад.