ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Украина барои зарбаҳо ба қаламрави Русиян на ният ва на силоҳи кофӣ доард, гуфт раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нишасти матбуотӣ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар Берлин.
"Мо ба қаламрави Русия ҳамла намекунем. Мо барои ин на қудрат дорем ва на вақт. Мо силоҳе надорем, ки бо он ин корро анҷом дода тавонем", - гуфт президенти Украина дар посух ба ин суол, ки оё ӯ барои мустахкам намудани мавкеи гуфтушунид бояд як кисми ҳудуди Россияро ишғол намояд.
Ба гуфтаи Зеленский, омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ идома дорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина "барои муваффақият наздиканд".
Ҳамзамон ӯ иқрор шуд, ки дар сурати нокомӣ Украина ва чанд кишвари дигар дар бораи зарурати музокироти сулҳ андеша хоҳанд кард.
Ахиран Зеленский вориди пойтахти Олмон шуд ва бо Франк-Валтер Штайнмайер-раисҷумҳури Олмон дар қароргоҳи Беллевуи худ мулоқот кард.
Баъд аз ин, вай ба идораи садри аъзам рафт, то бо Олаф Шолтс гуфтушунид кунад. Дар остонаи ин сафар ҳукумати Олмон дар бораи пешниҳоди бастаи кумаки низомӣ ба Киев ба маблағи 2,7 миллиард евро эълон кард.
Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд. Яке аз самтҳои ҳамла минтақаи Запорожие номида мешавад, ки мақсади он расидан ба соҳили баҳри Азов бо мақсади буридани долони заминӣ ба Қрим аст.
Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки Маскав ҳама гуна изҳоротро дар бораи ҳамлаи дарпешистода бодиққат назорат мекунад ва ҳангоми тарҳрезии амалиёти вижа онҳоро ба назар мегирад.