ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. "Соро компания"-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд, иттилоъ дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардиданд.
Таъкид шудааст, ки бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе дар ҳузури беш аз 1200 тамошобин сурат гирифт.
Чӣ тавре ки интизор мерафт, вохӯрӣ шавқовар гузашт ва тамошобинонро то сонияҳои охир дар ташвиш монд, тавзеҳ дод ФФТ.
Голҳоро аз ҳайати "Соро компания" легионерҳои эронӣ Муҳаммад Герованд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба самар расониданд.
Аз ҳайати "Истиқлол" Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов муаллифи гол шуданд, илова намуд Федератсия.
ФФТ афзд, ки беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии "Соро компания" Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд.
Ҷоизаи "Fair Play" ба бозигари "Истиқлол" Комрон Алиев тақдим гардида, беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳимоятгари "Соро компания" Дилшод Саломов эълон гардид.