ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти Қаҳрамонии бокси ҷаҳон медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқа дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сурат гирифт.
Дар бозии ниманиҳоӣ варзишгари тоҷик аз Чинзориг Баатарсух, намояндаи Муғулистон шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар вазни 63,5 кило бо ҳисоби 1:4 анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов акнун пас аз 12 сол аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медал ворид кард.
Қаблан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон дар Тайланд 3 ҷоиза ба даст оварда буданд.
Мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти осиёӣ бомуваффақият баромад карда, чандин ҷоизаҳои биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар гузоштааст.