Ширкати "Сомон Эйр" қасд дорад, ҳавопаймоҳои чиниро харидорӣ кунад

Инҳо ҳавопаймоҳои хурди бисёрмақсадноки Y-12E буда, барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд ва метавонанд ҳамлу нақли бор ва мусофиронро анҷом диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раҳбарияти ширкатҳои тоҷикиву чинӣ имкони имзои қарордоди хариди ҳавопаймоҳоро баррасӣ карданд.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтааст, аз ширкати чинии AVIC INTL ҳавопаймои Y-12E харидорӣ намояд. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати тоҷикистонӣ хабар додааст.
Ҷонибҳо имконоти имконпазир ва роҳҳои маблағгузории муомилоти харидро баррасӣ карданд. Ширкатҳо тасмим гирифтанд, ки таҳлили мутобиқати хусусиятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии ин лоиҳаро идома диҳанд. Қарор аст, ки музокирот ба зудӣ идома ёбад.
Баъди исти тӯлонӣ парвозҳоро ба самти ВМКБ аз сар гирифтанд
Ҳавопаймоҳои Y-12 як ҳавопаймои сабуки чандмақсаднок мебошад, ки аз ҷониби корпоратсияиҳавонавардии саноатии Чин (AVIC) истеҳсол шудааст.
Ҳавопаймои Y-12 барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бор ва мусофиркашониро иҷро мекунад.
AVIC International Holding Corporation як ширкати бузурги тиҷоратии чинӣ аст, ки асосан дар соҳаи авиатсия тахассус дорад. Он як қисми Корпоратсияи давлатии саноати ҳавопаймоии Чин мебошад.
Қаблан ширкати "Сомон Эйр" аз тасмими харидории ҳавопаймои хурди тавлиди Чехия - Let L-410 Turbolet хабар дода буд.