ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Дар ин бора дар ҷаласаи ахири ҳизби мазкур хабар дда шуд.
Ҳамин тариқ, то кунун номзадҳо аз чаҳор ҳизб маълуманд.
ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев;
ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов;
ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова;
ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёев
Интихоботи пеш аз мӯҳлат президенти Ӯзбекистон 9 июл баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл баргузор хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон 17 май оғоз шуда, 1 июн ба анҷом мерасад.
Тибқи қонуни интихобот, аҳзоби сиёсие, ки дар кишвар на дертар аз чаҳор моҳи пеш аз эълони маъракаи интихоботӣ расман сабти ном шудаанд, ҳақ доранд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд.
То 15 май аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот бояд асноди худро ба КМИ пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8 май раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳуриро имзо кард. Ин нахустин интихоботи раёсатҷумҳурӣ пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ, ки мӯҳлати ваколати раисиҷумҳурро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад, хоҳад буд.