Бунёди гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ба номи шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ як гулгаште сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран ба корҳои сохтмонии гулгашт санги асос гузошта, аз хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдоварӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.
Дар шаҳри Хуҷанд кӯчае ба номи Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад
Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз намуда, баъдан дар маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Пайванд", ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", рӯзномаи "Ваҳдат" ба ҳайси мудири шуъба ва сармуҳаррир кор кардааст. Мавсуф солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд.
"Фасли оғоз", "Оинаи ташна", "Туву хубиву раъноӣ", "Сафина", "Шоиру шеъре агар ҳаст…", "Оғӯши саршор", "Аз барои Гулизор", "Девори сабз", "Дарёи кӯча", "Борони бесаранҷом", "Се кулчаи танӯрӣ" номгӯи маҷмӯаҳои шеърии Гулназар маҳсуб меёбанд.
Шоир барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи "Се кулчаи танӯрӣ" сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.