ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ барои баргузор намудани Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони "Истеъдодҳои наврас" беш аз 350 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, рӯзҳои баргузории ҷашнвораи "Истеъдодҳои наврас" рӯзҳои 26 - 30 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе муқаррар шудааст.
Сарраёсати молияи пойтахт муваззаф шудааст, аз ҳисоби сарфаи маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи маориф, бароио баргузории "Истеъдодҳои наврас" маблағи 353 ҳазор сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳадафи ин ҷашнвора фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ мебошад.
Табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас аз ҳадафҳои дигар арзёбӣ шудаанд.
Роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастур гирифтаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали "Истеъдодҳои наврас" тадбирҳо андешанд.