ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бежан Камолиддинов, донишҷӯи соли аввали шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент довталабона ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои хидмат дар сафҳои неруҳои мусаллаҳ муроҷиат кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Бежанро падараш, раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Ҳусниддин Камолиддинов ва аҳли оилаю наздикон бо фотиҳаи нек ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд.
Таъкид шудааст, ки писари раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ ду соли хидмати ҳарбиро барои худ идомаи таҳсил дар донишкада медонад.
“Ӯ барои омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро шарти аввал, мактаби обу тоби ҷисмонӣ ва изҳори садоқат ба Ватан меҳисобад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд аз паст будани корҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуда буд.
Мансабдорони шаҳри Конибодом дар фиристодани фарзандонашон ба сафи хизмати ҳарбӣ нисбатан пешсаф гуфта шуда буданд, ки 17 роҳбар дар шаҳр писарашро ба аскарӣ равон кардааст.
"Дар ин самт шаҳри Конибодом фаъол буда, то ҳол 17 нафар ва аз шаҳри Исфара 6 нафар роҳбарон фарзандони худро ба хизмати ватан сафарбар намудаанд", - изҳор дошта буд додситонӣ.
Тибқи дастури ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.