ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатолон масъулин прокурори вилоят таъкид кардан, ки баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки масъули ҷудокунӣ ва ҳуҷҷатгузории замин мебошанд, ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор мекунанд.
Ба гуфтаи пркуратураи вилоят ин масъулин ҳатто заминҳои ба муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ тақсим намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 ва 3 моҳи соли ҷорӣ 7 392 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 603 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба замин ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, солҳои охир бо содир кардани 198 лаҳзаи ҷиноят 155 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим гардидааст, ки як сабаби он беаҳамиятии роҳбарони ноҳия низ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар соҳа 88 нафар шахсони масъул бинобар доштани доғи судӣ аз вазифа барканор шуданд ва ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ҷой дорад.
Инчунин дар ин ҷаласа дар робита ба содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гуфта шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин қишри ҷомеа дар сурати беназорат будан ва аз таълиму тарбия дур мондан, ба корҳои ношоиста даст мезананд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратура 68 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандро ошкор ва дар робита ба чунин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудаанд.