ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ахиран неруҳои Русия бинои назди мактабро аз нерӯҳои украинӣ пок кардан два ба охирин минтақаи қавишудаи артиши Украина дар шаҳр наздик шуданд.
“Агар аз ин бино нигоҳ кунем то баромадгох аз шахр (чорроҳаи кӯчаҳои Юбилейная ва Леваневский, ки қад-қади он Кувваҳои Мусаллаҳи Украина нерӯҳои худро таъмин мекунанд. — Ред.) тақрибан 742 метр рох мондааст. Каме намондааст", - гуфт мубориз.
Вай гуфт, душман, маҷбур шуд бааъд аз кучаи Чайковский ақибнишинӣ кунад. Ҳоло нерӯҳои Украина талош доранд онҷо хатти мудофиавӣ барпо кунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин ҳол, нерӯҳои мусаллаҳи Украина муқовимати шадид нишон дода, мавқеъҳои Русияро тавассути тӯпхонаӣ тирборони шадиддоранд.
Артемовск дар шимоли Горловка вокеъ аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс аст. Моҳҳои зиёд аст, ки дар дохил ва берун аз шаҳр мухорибаҳои шадид давом доранд.
Чунон ки ахиран вазорати дифоъ хабар дод, нерӯҳои ҳамлагар озод кардани канораҳои шимолу ғарб шаҳри Артемовскро давом дода истодаанд. Ба онҳо нерӯҳои ҳавобурди Русия кумак доранд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.